Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:28 - Китоби Муқаддас 1992 1999

28 Модари Сисро аз тиреза нигоҳ мекунад ва аз пушти панҷара фиғон мекашад: „Чаро аробаи ӯ дар омадан таъхир менамояд? Чаро чархҳои аробаҳояш даранг мекунад?“

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:28
8 Iomraidhean Croise  

Ва Аҳазьё аз панҷараи болохонаи худ, ки дар Сомария буд, афтода, нотоб шуд; ва қосидонро фиристода, ба онҳо гуфт: «Рафта, аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, бипурсед, ки оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?»


Зеро ки аз тирезаи хонаи худ, аз равзани худ назар андохтам,


Маҳбуби ман мисли оҳу ё барраи ғизолон аст; инак, ӯ дар пушти тавораи мо истодааст, аз тирезаҳо назар меандозад, аз равзанҳо менигарад.


Бигрез, эй маҳбуби ман! Ва мисли оҳу ё барраи ғизолон бар кӯҳҳои атриёт бош.


Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.


Ва Худованд Сисро ва ҳамаи аробаҳо ва тамоми ӯрдуи ӯро пеши Бороқ ошуфта гардонида, ба дами шамшери ӯ гирифтор кард, ва Сисро аз болои ароба фурӯд омада, пои пиёда рӯ ба гурез овард.


Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид; пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод; дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.


Хотунҳои донои вай ба вай ҷавоб мегардонанд, худаш низ чунин суханонашро барои худ такрор менамояд:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan