27 Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид; пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод; дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.
Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд! Вақте ки Худо асирони қавми Худро баргардонад, Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.
Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.
Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.
Дасти худро ба мех дароз кард, ва ямини худро — ба путки коргарон; ва Сисроро зарба зад, сари варо кафонид, чаккаи варо шикофта, ба замин дӯхт.
Модари Сисро аз тиреза нигоҳ мекунад ва аз пушти панҷара фиғон мекашад: „Чаро аробаи ӯ дар омадан таъхир менамояд? Чаро чархҳои аробаҳояш даранг мекунад?“