24 Бигзор Ёил, зани Ҳобари Қенӣ, бештар аз занони дигар муборак бод, бештар аз ҳамаи занони хайманишин муборак бод!
Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;
Ба вай аз самари дастҳои вай бидиҳед, ва бигзор корҳояш варо назди дарвозаҳо ҳамд гӯяд!
Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ».
Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самараи шиками ту!
Ва Сисро пои пиёда сӯи хаймаи Ёил, ки зани Ҳобари Қенӣ буд, гурехт; зеро ки дар байни Ёбин подшоҳи Ҳосӯр ва хонадони Ҳобари Қенӣ сулҳ буд.
Вай ба ӯ гуфт: «Маро каме об бинӯшон, зеро ки ташна мондаам». Ӯ машки ширро кушода, варо нӯшонид, ва аз нав варо пӯшонид.
Вай об талабид, ӯ шир дод, дар косаи мирон қаймоқ овард;