Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:23 - Китоби Муқаддас 1992 1999

23 Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:23
23 Iomraidhean Croise  

Ва дар паҳлуи онҳо тақӯиён таъмир карданд, вале акобирашон гардани онҳоро ба хизмати оғоёнашон наниҳоданд.


Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад, ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад!


Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:


Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,


Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното.


Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.


Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.


Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.


Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;


Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.


Ва гуфтанд: «Оё ягон сибти Исроил ҳаст, ки ба Мисфо назди Худованд наомада бошад?» Ва инак, аз Ёбиш‐Ҷилъод касе ба ҷамъомади ӯрдугоҳ наомадааст.


Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.


Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт; Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Ва ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Лутфан, ба қавме ки дар ақиби ман равонанд, нон бидиҳед, зеро ки онҳо монда шудаанд, ва ҳол он ки ман подшоҳони Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро таъқиб менамоям».


Вале мирони Суккӯт гуфтанд: «Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба лашкари ту нон диҳем?»


Ва аз он ҷо ӯ ба Фануил рафта, ба мардумаш айни ҳамон суханро гуфт, ва онҳо ба ӯ он гуна ҷавоб доданд, ки мардуми Суккӯт ҷавоб дода буданд.


Ва тамоми ни ҷамоат хоҳанд донист, ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худованд аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд».


Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Инак духтари калонии худ Мерабро ба ту ба занӣ медиҳам, фақат ин ки барои ман ҷанговари далер бош, ва ҷангҳои Худовандро бибар». Ва Шоул ба дили худ гуфт: «Бигзор дасти ман бар ӯ набошад, балки дасти фалиштиён бошад».


Лутфан, аз гуноҳи чӯрии худ гузароӣ намо; яқинан Худованд барои оғоям хонадони матине барқарор хоҳад кард, зеро ки оғоям ҷангҳои Худовандро мебарад, ва тамоми айёми умрат дар ту бадӣ ёфт нахоҳад шуд.


Ва алҳол, лутфан, оғоям подшоҳ суханони бандаашро бишнавад: агар Худованд туро ба муқобили ман барангехта бошад, бигзор Ӯ ҳадияи маро қабул кунад; валекин агар банӣ‐одам барангехта бошанд, бигзор онҳо ба ҳузури Худованд малъун бошанд, зеро ки онҳо имрӯз маро аз тааллуқ доштан ба мулки Худованд бадар ронда, мегӯянд: „Рафта худоёни дигарро ибодат намо“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan