21 Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ!
Ба мадади ту умедворам, Худованд!
Ва Ильёс ба онҳо гуфт: «Анбиёи Баалро дастгир кунед, як нафар ҳам аз онҳо раҳо нашавад!» Ва онҳоро дастгир карданд. Ва Ильёс онҳоро назди наҳри Қишӯн фурӯд овард, ва дар он ҷо онҳоро кушт.
Ва дар шавкати Худ савор шуда, дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комьёб шав, ва яминат чизҳои аҷоибе ба Ту нишон хоҳад дод.
Худованд қувват ва ҳамду санои ман аст, ва Ӯ наҷоти ман шуд. Ӯ Худои ман аст, ва Ӯро ситоиш менамоям; Ӯ Худои падари ман аст, ва Ӯро болобардор мекунам.
Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт, ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд, чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;
Ва душманам инро хоҳад дид, ва ӯро хиҷолат фаро хоҳад гирифт, ки ӯ ба ман мегӯяд: «Худованд Худои ту куҷост?» Чашмони ман ӯро хоҳад дид, вақте ки ӯ мисли лои кӯчаҳо поймол гардад.
Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.
Ва Ман сарлашкари Ёбин — Сисроро бо аробаҳо ва лашкари сершумораш назди ту сӯи наҳри Қишӯн кашида оварда, ба дасти ту хоҳам супурд“».