Ва ҳангоме ки онҳо аз пеши Исроил мегурехтанд, дар сурате ки дар нишебии Байт‐Хӯрӯн буданд, — Худованд бар онҳо аз осмон то Азеқо сангҳои бузург мепартофт, ва онҳо мемурданд; онҳое ки аз сангҳои тагарг мурданд, зиёдтар буданд аз онҳое ки банӣ‐Исроил ба шамшер куштанд.
Ва ҳангоме ки Самуил қурбонии сӯхтанӣ мебаровард, фалиштиён омаданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд; ва дар он рӯз Худованд бо садои азиме бар фалиштиён гулдуррос зада, онҳоро ба даҳшат овард, ва онҳо пеши Исроил шикаст хӯрданд.