Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Вақте ки ҳарҷумарҷ дар Исроил ба амал омад, қавм ба ихтиёр ғайрат карданд. Худовандро ҷалол диҳед!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:2
23 Iomraidhean Croise  

Ва дар паҳлуи вай Амасьё ибни Зикрӣ буд, ки барои Худованд ионат медод, ва бо ӯ дусад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.


Ва қавм ҳамаи касонеро, ки бо ихтиёри худ ба маскан гирифтан дар Ерусалим розӣ шуданд, муборак хонданд.


Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ.


Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.


Зеро мебинад, ки ҳакимон мемиранд, бо якҷоягии ҷоҳилон ва аблаҳон нобуд мешаванд; ва тавонгарии худро ба дигарон боқӣ мегузоранд.


Биёед, дар шаъни Худованд тараннум намоем, дар шаъни кӯҳпораи наҷоти худ бонги шодӣ занем.


Бигзор дарьёҳо каф зананд, кӯҳҳо якҷоя тараннум кунанд


Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.


Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.


Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.


Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед! Зеро ки Ӯ барои хуни бандагони Худ интиқом хоҳад гирифт, ва бо интиқом ба душманони Худ подош хоҳад дод, ва замини Худ ва қавми Худро кафорат хоҳад кард».


Вай қитъаи беҳтаринро барои худ ихтиёр намудааст, ки дар он ҷо ҳиссаи Қонунгузор мавҷуд аст; ва бо сардорони қавм омада, адолати Худованд ва дастуроти Ӯро бо Исроил ба амал меоварад».


Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.


Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад.


Шодӣ кунед дар ҳаққи вай, эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварӣ намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст».


Зеро ки аҳкоми Ӯ ҳақ асту рост! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои худ фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид».


Дили ман ба сарварони Исроил илтифот дорад, ва ба онҳое низ, ки аз миёни қавм ба ихтиёр ғайрат кардаанд. Худовандро ҷалол диҳед!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan