Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Подшоҳон омада, ҷанг карданд; он вақт подшоҳони Канъон дар Таънақ назди обҳои Маҷиддӯ ҷанг карданд, лекин ҳеҷ музде бо нуқра нагирифтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:19
19 Iomraidhean Croise  

Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,


Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.


Баано ибни Аҳилуд — дар Таънок ва Маҷиддӯ ва тамоми Байт‐Шеон, ки дар наздикии Сортано, поёнтари Изреъил аст, аз Байт‐Шеон то Обил‐Маҳӯло, то он тарафи Ёқемъом;


Дар айёми ӯ фиръавн Накӯҳ, подшоҳи Миср, сӯи подшоҳи Ашшур, ба наҳри Фурот баромад. Ва подшоҳ Йӯшиёҳу ба истиқболи вай рафт, вале вай, вақте ки ӯро дид, ӯро дар Маҷиддӯ кушт.


Вале Йӯшиёҳу рӯи худро аз вай нагардонид, балки либоси худро иваз намуд, то ки бо вай ҷанг кунад; ва ба суханони Накӯҳ, ки аз ҷониби Худо буд, гӯш надод, ва ба водии Маҷиддӯ омад, то ки ҷанг кунад.


Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо.


Як подшоҳи Таънок; як подшоҳи Маҷиддӯ;


Ва ба Менашше дар мулқҳои Иссокор ва Ошер инҳо тааллуқ дошт: Байт‐Шаон ва қасабаҳояш, Иблеом ва қасабаҳояш, сокинони Дӯр ва қасабаҳояш, сокинони Эйн‐Дӯр ва қасабаҳояш, сокинони Таънок ва қасабаҳояш, сокинони Маҷиддӯ ва қасабаҳояш, — ин се ноҳияи кӯҳӣ.


Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад.


Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд.


Ва банӣ‐Менашше аҳли Байт‐Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Маҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.


Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.


„Яқин аст, ки онҳо ғаниматеро ёфта, тақсим мекунанд: як духтар, ду духтар барои ҳар мард, ғанимати либосҳои рангоранг барои Сисро, — ғанимати либосҳои рангоранге ки гулдӯзӣ карда шудааст; матои гаронбаҳои дорои гулдӯзии дурӯя, ки аз гардани асирон ба ғанимат гирифта шудааст“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan