17 Ҷилъод дар он тарафи Урдун сокин буд, ва Дон чаро назди киштиҳо истод? Ошер дар соҳили баҳр нишаст, ва назди халиҷҳои худ сукунат дошт.
Ва писарони Билҳо, канизи Роҳел: Дон ва Нафтолӣ.
Ва ҳар яке аз шумо аз рахнаи рӯ ба рӯяш берун хоҳад рафт, ва ҳарамсарои худро тарк хоҳад кард», мегӯяд Худованд.
Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Яъзир ва ҳамаи шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини банӣ‐Аммӯн то Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯи Рабба мебошад;
Ва нисфи Ҷилъод, ва Ашторӯт ва Эдрей, шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон, барои писарони Мокир ибни Менашше, барои нисфи банӣ‐Мокир мувофиқи қабилаҳон онҳо буд.
Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше аз пеши банӣ‐Исроил, аз Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, баргашта, равона шуданд, то сӯи замини Ҷилъод, ба замини моликияти худ, ки онро бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ба тасарруфи худ даровардаанд, бираванд.