Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар кӯҳи Амолеқ аст; аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту; аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд, ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:14
14 Iomraidhean Croise  

Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.


Писарони Леё: Реубен, нахустзодаи Яъқуб, Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун.


Писарони Роҳел: Юсуф ва Биньёмин.


Зеро касеро, ки Ту задаӣ, таъқиб мекунанд, ва дардҳои шаҳидонатро нақл менамоянд.


Дар Ҷабъа шох навозед, дар Ромо — карнай; дар Байт‐Овин бонг занед: «Дар ақиби туст, эй Биньёмин!»


Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.


Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд.


Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.


Ва Бороқ сибтҳои Забулун ва Нафтолиро ба Қодеш фарьёд кард, ва даҳ ҳазор нафарро аз ақиби худ баровард; ва Дебӯро бо ӯ баромад.


Ва Дебӯро ба Бороқ гуфт: «Бархез, зеро имрӯз рӯзест, ки Худованд Сисроро ба дасти ту таслим хоҳад кард; инак, Худованд пешопеши ту берун омадааст». Ва Бороқ аз кӯҳи Тобӯр фурӯд омад, ва даҳ ҳазор нафар аз ақиби ӯ.


Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт; Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan