13 Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт; Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.
Ба Худо қурбонии шукронаро забҳ намо, ва ба Ҳаққи Таоло назрҳои худро адо бикун.
Аз итоби Ту, эй Худои Яъқуб, ҳам аробаро, ва ҳам аспро ғанаб бурд.
Ва ҳамаи дарахтони саҳро хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дарахти баландро паст мекунам, дарахти пастро баланд месозам, дарахти сабзро мехушконам, ва дарахти хушкро сабзу хуррам мегардонам. Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал хоҳам овард“».
Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.
Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, — инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дӯст доштаам:
Бедор шав, бедор шав, эй Дебӯро! Бедор шав, бедор шав, суруде бигӯй! Бархез, эй Бороқ, ва асирони худро ба асирӣ бибар, эй ибни Абинӯам!
Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар кӯҳи Амолеқ аст; аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту; аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд, ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.
Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.