12 Бедор шав, бедор шав, эй Дебӯро! Бедор шав, бедор шав, суруде бигӯй! Бархез, эй Бороқ, ва асирони худро ба асирӣ бибар, эй ибни Абинӯам!
Зеро ки даҳони шарорат ва даҳони макрро бар ман кушодаанд: бо забони кизб ба ман сухан меронанд;
Бигзор онҳо мисли обе ки ҷорист, нест шаванд; вақте ки тирҳои худро омода мекунанд, мисли гард парешон шаванд;
Мисли тӯқумшуллуке ки аз назар ғоиб мешавад, нест шаванд; мисли афгонаи зан рӯи офтобро набинанд;
Ва рӯи Худро аз бандаи Худ пинҳон надор, зеро ки ба танг омадаам; маро ба зудӣ иҷобат намо.
Ва қавмон онҳоро гирифта, ба маконашон хоҳанд овард, ва хонадони Исроил онҳоро дар замини Худованд ҳамчун ғуломон ва канизон ба тасарруфи худ хоҳанд даровард, ва асиркунандагони худро асир карда, бар ситамгарони худ ҳукмронӣ хоҳанд кард.
Вой бар ту, эй тороҷгар, ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ, ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз хиёнат накардаанд! Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд; чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту хиёнат хоҳанд кард.
Хушьёр шав, ҳушьёр шав, бархез, эй Ерусалим, ки ту аз дасти Худованд косаи ғазаби Ӯро нӯшидаӣ, дурди косаи заҳролудро нӯшида, холӣ кардаӣ.
Бедор шав, эй бозуи Худованд, бедор шав, ва ҷомаи қудратро дар бар кун! Мисли айёми қадим ва даврҳои дерин бедор шав! Оё ту ҳамон нестӣ, ки Раҳабро куштаӣ, ва наҳангро нобуд кардаӣ?
Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст, ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст.
Дар айни ҳол ман бедор шудам ва ба гирду пешам назар андохтам, ва хобам барои ман хуш буд.
Ба таври бояду шояд ҳушьёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.
Бинобар ин гуфта шудааст: «Ба афроз сууд намуда, асиронро ба асирӣ бурд ва ба одамон бахшоишҳо дод».
Бинобар ин гуфта шудааст: «Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, бархез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пошид».
Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст.
Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт; Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.