1 Ва дар он рӯз Дебӯро бо Бороқ ибни Абинӯам чунин суруд гуфт:
Ва Довуд, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз дасти ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул раҳо кард, суханони ин сурудро барои Худованд ба забон ронд,
Ва бо қавм машварат карда, мутрибонро таъин намуд, то ки пешопеши фавҷи пешоҳанг берун рафта, дар шаъни Худованд бисароянд ва ҳашамати қудсиятро мадҳ карда, бигӯянд: «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
Ва тамоми мардуми Яҳудо ва Ерусалим бо сардории Еҳӯшофот бо шодмонӣ ба Ерусалим баргаштанд, зеро ки Худованд онҳоро бар душманонашон шод гардонида буд.
Дар ёд дошта бош, ки корҳои Ӯро такбир гӯӣ, ки онҳоро мардум месароянд.
Дар суратеки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд, ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Ӯ обҳои баҳрро мисли машке ҷамъ кардааст, вартаҳоро дар хазоин гузоштааст.
Он гоҳ Мусо ва банӣ‐Исроил ин сурудро барои Худованд суруданд, ва чунин гуфтанд: «Барои Худованд месароям, зеро ки Ӯ азимулмартаба аст; асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт.
Ва Марьям сурудхонон ба онҳо гуфт: «Барои Худованд бисароед, зеро ки Ӯ азимулмартаба аст, асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт».
Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ. Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям, чунки корҳои аҷиб кардаӣ; муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.
Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо сароида хоҳад шуд: «Мо шаҳри мустаҳкаме дорем; Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст.
Он гоҳ исроилиён ин сурудро сароиданд: «Лабрез шав, эй чоҳ! — бисароед ба он, —
Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад,
Ва дасти банӣ‐Исроил бар Ёбин подшоҳи Канъон торафт бештар сахт мешуд, то даме ки Ёбин подшоҳи Канъонро маҳв карданд.
Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.
Ва Ҳанно дуо хонда, гуфт: «Дили ман дар Худованд хурсанд шудааст, шохи ман дар Худованд баланд шудааст; даҳони ман бар душманонам яла шудааст, зеро ки аз наҷоти Ту шод ҳастам.