Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 4:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва ӯ гуфт: «Албатта бо ту меравам, аммо дар ин роҳе ки ту меравӣ, ҷалол аз они ту нахоҳад буд, зеро ки Худованд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд». Ва Дебӯро бархоста, бо Бороқ ба Қодеш равона шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 4:9
9 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо дар гирди подшоҳ Узиё истода, ба ӯ гуфтанд: «Туро, эй Узиё, раво нест, ки барои Худованд бухур бисӯзонӣ, балки ин кори коҳинони банӣ‐Ҳорун аст, ки барои сӯзонидани бухур тақдис шудаанд; аз қудс берун рав, зеро ки ту хиёнат кардаӣ, ва ин барои ту сабаби шаъну шараф аз ҷониби Худованд Худо нахоҳад буд».


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.


Ва Бороқ ба ӯ гуфт: «Агар ту бо ман биравӣ, меравам, вале агар бо ман наравӣ, намеравам».


Ва зане порчаи санги осиёро бар сари Абималик андохта, косахонаи сарашро шикаст.


Ва ӯ зуд навкари силоҳбардори худро хонда, ба вай гуфт: «Шамшератро кашида, маро бикуш, мабодо гӯянд, ки „зане ӯро кушт“». Ва навкараш ӯро шамшер зад, ва ӯ мурд.


Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan