Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 4:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва Ман сарлашкари Ёбин — Сисроро бо аробаҳо ва лашкари сершумораш назди ту сӯи наҳри Қишӯн кашида оварда, ба дасти ту хоҳам супурд“».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 4:7
17 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёс ба онҳо гуфт: «Анбиёи Баалро дастгир кунед, як нафар ҳам аз онҳо раҳо нашавад!» Ва онҳоро дастгир карданд. Ва Ильёс онҳоро назди наҳри Қишӯн фурӯд овард, ва дар он ҷо онҳоро кушт.


Ва Ман, инак, дили мисриёнро сахт мекунам, то ки аз қафои онҳо бираванд; ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш, ба воситаи аробаҳо ва саворонаш зоҳир хоҳам сохт,


Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард, то ки вай онҳоро таъқиб намояд, ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш зоҳир хоҳам сохт, то мисриён бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам». Ва чунин карданд.


Ва Худованд дили фиръавн, подшоҳи Мисрро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро таъқиб намуд; ва банӣ‐Исроил бо дасти баланд мерафтанд.


Вале агар вай қасдан амал накарда бошад, балки Худо он касро зери дасти вай рост оварда бошад, — Ман маконе барои ту муқаррар хоҳам кард, то ки вай ба он ҷо бигрезад.


Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки онҳоро ба дасти ту супурдаам: ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад пеши ту истодагӣ намояд».


Зеро аз ҷониби Худованд буд, ки дили онҳоро сахт кунад, то ки онҳо Исроилро бо ҷанг пешвоз гирифта, худашон несту нобуд шаванд, бе он ки нисбат ба онҳо шафқат нишон дода шавад, балки онҳоро тамоман маҳв созанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки фардо дар чунин вақт, Ман ҳамаи онҳоро барои торумор кардани Исроил хоҳам супурд; аспҳои онҳоро пай бикун, ва аробаҳои онҳоро ба оташ бисӯзон».


Он гоҳ шумо аз камингоҳи худ бархоста, шаҳрро забт намоед; ва Худованд Худои шумо онро ба дасти шумо хоҳад супурд.


Ва Дебӯро ба Бороқ гуфт: «Бархез, зеро имрӯз рӯзест, ки Худованд Сисроро ба дасти ту таслим хоҳад кард; инак, Худованд пешопеши ту берун омадааст». Ва Бороқ аз кӯҳи Тобӯр фурӯд омад, ва даҳ ҳазор нафар аз ақиби ӯ.


Ва Бороқ ба ӯ гуфт: «Агар ту бо ман биравӣ, меравам, вале агар бо ман наравӣ, намеравам».


Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ!


Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро суханони одамонро мешунавӣ, ки мегӯянд: „Инак, Довуд ба ту қасди бад дорад“?


Ва ба Довуд гуфт: «Ту аз ман одилтар ҳастӣ, зеро ки ту подоши маро бо некӣ расондӣ, ва ҳол он ки ман подоши туро бо бадӣ расондаам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan