Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 4:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ӯ дар таги дарахти хурмои Дебӯро, ки дар байни Ромо ва Байт‐Ил дар кӯҳи Эфроим буд, менишаст, ва банӣ‐Исроил назди ӯ барои доварӣ меомаданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 4:5
18 Iomraidhean Croise  

Ва Дебӯро, дояи Ривқо, мурд, ва дар домани Байт‐Ил, зери дарахти булут дафн карда шуд, ки онро булути гирья номид.


Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Мусо биншаст, то ки қавмро доварӣ намояд; ва қавм назди Мусо аз субҳ то шом биистоданд.


Вақте ки дар миёни онҳо даъвое пайдо мешавад, назди ман меоянд, ва ман байни ҳар кас ва ёри вай доварӣ мекунам, ва фароизи Худо ва дастуроти Ӯро мефаҳмонам».


Алҳол ба овози ман гӯш деҳ, ман ба ту машварате медиҳам, ва Худо бо ту хоҳад буд: ту барои қавм ба ҳузури Худо бош, ва масъалаҳои онҳоро ба Худо бирасон;


Ва онҳо қавмро ҳар вақт доварӣ мекарданд, ҳар масъалаи мушкилро назди Мусо меоварданд, ва ҳар масъалаи камаҳамиятро худашон ҳал мекарданд.


Худованд чунин мегӯяд: «Овозе дар Ромо шунида шуд, садои нола ва гирьяи талх: Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад; барои фарзандони худ наметавонад тасаллӣ ёбад, зеро ки онҳо нестанд».


Ва аз Байт‐Ил сӯи Луз берун омада, ба ҳудуди Аркӣ то Аторӯт мегузашт,


Байт‐Аробо, Самораим ва Байт‐Ил,


Ҷибъӯн, Ромо ва Беэрӯт,


Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.


Ва марде аз Ромотаим‐Сӯфим, аз кӯҳи Эфроим буд; ва номаш Элқоно ибни Ерӯҳом, ибни Элиҳу, ибни Тӯҳу, ибни Суф буд, — ва ӯ эфротӣ буд.


Ва онҳо бомдодон бармаҳал бархоста, ба ҳузури Худованд ибодат карданд, ва баргашта, ба хонаи худ ба Ромо омаданд; ва Элқоно бо зани худ Ҳанно хобид, ва Худованд варо ба ёд овард.


Ва Шоул шунид, ки Довуд ва одамоне ки бо ӯ ҳастанд, пайдо шудаанд; ва Шоул дар Ҷибъо, зери дарахти газ, ки бар тал буд, менишаст, ва найзааш дар дасташ буд, ва ҳамаи фармонбаронаш дар гирду пешаш меистоданд.


Ва Самуил вафот кард; ва тамоми Исроил ҷамъ шуда, барои ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар хонааш, дар Ромо дафн намуданд. Ва Довуд бархоста, ба биёбони Форон фурӯд омад.


Ва ба Ромо бармегашт, зеро ки дар он ҷо хонаи ӯ буд, ва дар он ҷо бар Исроил доварӣ менамуд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонгоҳ бино кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan