4 Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.
Ва Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ва Акбӯр ва Шофон ва Асоё назди Ҳулдои набия, зани Шаллум ибни Тиқво ибни Ҳарҳаси муҳофизи либосҳо, ки ӯ дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо ӯ гуфтугӯ карданд.
Эй Худои ман, Тубиё ва Санбалатро мувофиқи ин аъмолашон, ва ҳамчунин Нуадьёи набия ва дигар анбиёро, ки маро метарсонданд, ба ёд овар!
Ва Марьями набия, хоҳари Ҳорун, дафро ба дасти худ гирифт, ва ҳамаи занон аз қафои вай дафзанон ва рақскунон берун омаданд.
Ва ту, эй писари одам, рӯи худро ба тарафи духтарони қавми худ, ки ба дилхоҳи худ нубувват мекунанд, бигардон ва дар ҳаққи онҳо нубувват намо.
Ман туро, охир, аз замини Миср баровардам, ва туро аз хонаи бандагӣ фидия дода гирифтам, ва пешопеши ту Мусо, Ҳорун ва Марьямро фиристодам.
Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ карда буд,
Ӯ чор дуҳтари бокира дошт, ки нубувват мекарданд.
Ва ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин мисли он аст, ки мӯйсараш тарошида шуда бошад;
Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.
Ва ӯ дар таги дарахти хурмои Дебӯро, ки дар байни Ромо ва Байт‐Ил дар кӯҳи Эфроим буд, менишаст, ва банӣ‐Исроил назди ӯ барои доварӣ меомаданд.
Ва дар он рӯз Дебӯро бо Бороқ ибни Абинӯам чунин суруд гуфт: