3 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.
Росткорон инро дида, шод мешаванд; ва ҳамаи ноинсофон даҳони худро мебанданд.
Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.
Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз айёми зиёде подшоҳи Миср мурд, ва банӣ‐Исроил аз кори сахт оҳу воҳ карда, фиғон кашиданд, ва истиғосаи онҳо аз кори сахт сӯи Худо баромад.
Ва мисли кӯре ки дар торикӣ даст‐даст карда роҳ меравад, ту дар нимирӯзӣ даст‐дасткунон роҳ хоҳӣ рафт, ва дар роҳҳои худ муваффақият нахоҳӣ ёфт, ва тамоми айём туро ба танг хоҳанд овард ва тороҷ хоҳанд кард, — ва наҷотдиҳандае нахоҳад буд.
Ҳосили заминат ва тамоми меҳнататро қавме ки ту намешинохтӣ, хоҳанд хӯрд; ва ту тамоми айём фақат мазлум ва ситамкаш хоҳӣ буд.
Ва банӣ‐Юсуф гуфтанд: «Кӯҳистон барои мо кифоят намекунад; ва ҳамаи канъониёне ки дар замини водӣ сокинанд, аробаҳои оҳанин доранд, чи онҳое ки дар Байт‐Шаон ва қасабаҳояш, ва чи онҳое ки дар водии Изреъил мебошанд».
Ва Худованд бо банӣ‐Яҳудо буд, ва онҳо кӯҳсорро тасарруф намуданд; аммо сокинони водиро натавонистанд бадар ронанд, зеро ки онҳо аробаҳои оҳанин доштанд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем».
Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.
Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.
Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.
Худоёни навро ихтиёр карданд, аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид; дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.
Ва банӣ‐Исроил аз дасти Мидьён бағоят бенаво гардиданд, ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд.
Ва банӣ‐Исроил ба Самуил гуфтанд: «Аз истиғоса бурдан дар ҳаққи мо сӯи Худованд Худои мо хомӯш набош, то ки Ӯ моро аз дасти фалиштиён наҷот диҳад».