Ва писаронашон омада, он заминро мерос гирифтанд, ва Ту канъониёнро, ки сокинони он замин буданд, пеши онҳо мағлуб намуда, бо подшоҳонашон ва қавмҳои он замин ба дасти онҳо супурдӣ, то ки ба дилхоҳи худ бо онҳо рафтор кунанд.
Ва инак, Бороқ Сисроро таъқиб менамуд, ва Ёил ба пешвози ӯ баромада, ба ӯ гуфт: «Биё, касеро, ки ту меҷӯӣ, ба ту нишон диҳам». Ва ӯ назди вай даромад, ва инак, Сисро мурда афтодааст, ва мех дар чаккаи ӯст.