2 Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт.
Худовандо, Худои лашкарҳо! Дуои маро бишнав; эй Худои Яъқуб, гӯш андоз! Село.
Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.
Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд.
Ва ҳангоме ки Ёбин, подшоҳи Ҳосӯр, инро шунид, назди Юбоб, подшоҳи Модӯн, ва назди подшоҳи Шимрӯн, ва назди подшоҳи Акшоф фиристод,
Адомо, Ромо ва Ҳосӯр,
Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.
Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.
Ва Бороқ аробаҳо ва ӯрдуро то Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим таъқиб намуд; ва тамоми ӯрдуи Сисро ба дами шамшер фурӯ ғалтиданд, як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
Валекин онҳо Худованд Худои худро фаромӯш карданд, ва Ӯ онҳоро ба дасти Сисро, сарлашкари Ҳосӯр, ва ба дасти фалиштиён, ва ба дасти подшоҳи Мӯоб супурд, ки ба муқобили онҳо ҷанг карданд.