19 Вай ба ӯ гуфт: «Маро каме об бинӯшон, зеро ки ташна мондаам». Ӯ машки ширро кушода, варо нӯшонид, ва аз нав варо пӯшонид.
Инак, ман ба сари ин чашмаи об истодаам, ва чунин бишавад, ки он духтаре ки барои обкашӣ барояд, ва ба вай гӯям: «Маро аз кӯзаи худ як ҷуръа об бинӯшон»,
Ва ӯ бархоста, ба Сорефот рафт, ва ҳангоме ки ба дарвозаи шаҳр расид, инак, бевазан дар он ҷо чӯбпора мечид; ва ӯ варо даъват намуда, гуфт: «Лутфан, андак об барои ман дар зарфе биёр, то ки бинӯшам».
Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест: Забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад. Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд. Ман, ки Худои Исроил ҳастам, онҳоро тарк нахоҳам кард.
Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман барои нӯшидан об деҳ».
Ва Ёил ба пешвози Сисро баромада, ба вай гуфт: «Биё, эй оғоям, назди ман биё, натарс». Вай назди ӯ ба хайма даромад, ва ӯ варо бо палосе пӯшонид.
Вай ба ӯ гуфт: «Назди дари хайма биист, ва агар касе биёяд ва аз ту пурсида, бигӯяд: „Оё касе дар ин ҷо ҳаст?“ — бигӯй: „Не“».
Бигзор Ёил, зани Ҳобари Қенӣ, бештар аз занони дигар муборак бод, бештар аз ҳамаи занони хайманишин муборак бод!