18 Ва Ёил ба пешвози Сисро баромада, ба вай гуфт: «Биё, эй оғоям, назди ман биё, натарс». Вай назди ӯ ба хайма даромад, ва ӯ варо бо палосе пӯшонид.
Ва Элишоъ ба онҳо гуфт: «Роҳ ин нест, ва шаҳр ин нест; аз қафоям биёед, ва шуморо сӯи касе ки ҷустуҷӯ менамоед, хоҳам бурд». Ва онҳоро ба Сомария бурд.
Ва Сисро пои пиёда сӯи хаймаи Ёил, ки зани Ҳобари Қенӣ буд, гурехт; зеро ки дар байни Ёбин подшоҳи Ҳосӯр ва хонадони Ҳобари Қенӣ сулҳ буд.
Вай ба ӯ гуфт: «Маро каме об бинӯшон, зеро ки ташна мондаам». Ӯ машки ширро кушода, варо нӯшонид, ва аз нав варо пӯшонид.