16 Ва Бороқ аробаҳо ва ӯрдуро то Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим таъқиб намуд; ва тамоми ӯрдуи Сисро ба дами шамшер фурӯ ғалтиданд, як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
Ва тамоми сабзаро дар замини онҳо хӯрданд, ва самараи саҳроҳои онҳоро хӯрданд.
Сипари моро бубин, эй Худо, ва бар рӯи масеҳи Худ назар андоз;
Худовандо, Худои лашкарҳо! Дуои маро бишнав; эй Худои Яъқуб, гӯш андоз! Село.
Ва обҳо баргашта, аробаҳо ва саворон ва тамоми лашкари фиръавнро, ки аз қафои онҳо дар баҳр меомаданд, пӯшонид; аз онҳо як нафар ҳам боқӣ намонд.
Аробаҳо ва аспон, лашкар ва қувватро берун овардааст, то ки якҷоя хобида, дигар нахезанд; ва онҳо торафт беҳол гардида, мисли пилтаи катонӣ хомӯш шуданд.
Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд, —
Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.
Ва Худованд онҳоро пеши Исроил ошуфта кард, ва ба онҳо дар Ҷибъӯн зарбаи азим расониданд, ва онҳоро дар роҳи фарози Байт‐Ҳӯрӯн таъқиб карданд, ва то Азеқо ва Маққедо онҳоро торумор сохтанд.
Ва Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурд, ва онҳоро зарба заданд, ва онҳоро то Сидӯн‐Рабба ва то Мисрефӯт‐Маим ва то водии Мисфо ба тарафи шарқ таъқиб карданд, ва онҳоро торумор сохтанд, ба дараҷае ки растагоре аз онҳо боқӣ намонд.
Ва Сисро пои пиёда сӯи хаймаи Ёил, ки зани Ҳобари Қенӣ буд, гурехт; зеро ки дар байни Ёбин подшоҳи Ҳосӯр ва хонадони Ҳобари Қенӣ сулҳ буд.
Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт.