Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 4:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва ба Сисро хабар доданд, ки Бороқ ибни Абинӯам ба кӯҳи Тобӯр баромадааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 4:12
11 Iomraidhean Croise  

Шумурдани айёми моро дурустакак таълим деҳ, то ки дили пурҳикмат пайдо кунем.


Баргард, эй Худованд! То ба кай? Бар бандагони Худ шафқат намо.


Ба ҳаёти Худам қасам ки, — мегӯяд Подшоҳе ки исмаш Худованди лашкарҳост, — он ки хоҳад омад, мисли Тобӯр дар миёни кӯҳҳо ва мисли Кармил дар назди баҳр хоҳад буд.


Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.


Ва аз Сорид ба самти шарқ, ба тарафи тулӯи офтоб то сарҳади Кислӯт‐Тобӯр бармегашт, ва назди Добрат баромада, ба Ёфиа мерасид.


Ва сарҳад ба Тобӯр, Шаҳасимо ва Байт‐Шемеш мерасид, ва интиҳои сарҳадашон назди Урдун буд, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.


Ва сарҳад ба самти ғарб сӯи Азнӯт‐Тобӯр баргашта, аз он ҷо ба Ҳуққӯқо мебаромад, аз ҷануб ба Забулун мерасид, аз ғарб ба Ошер мерасид ва аз тулӯи офтоб — ба Яҳудо назди Урдун.


Ва Ҳобари Қенӣ аз қениён, яъне аз банӣ‐Ҳубоби ақрабои падарарӯси Мусо ҷудо шуда, хаймаи худро то Элӯн‐Бесаананим, ки назди Қодеш воқеъ аст, барафрошта буд.


Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.


Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.


Ва ба Забаҳ ва Салмуноъ гуфт: «Онҳое ки шумо дар Тобӯр куштед, чӣ гуна одамон буданд?» Ва гуфтанд: «Онҳо мисли ту буданд, ҳар яке намуди шоҳзодаро дошт».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan