Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 4:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва Ҳобари Қенӣ аз қениён, яъне аз банӣ‐Ҳубоби ақрабои падарарӯси Мусо ҷудо шуда, хаймаи худро то Элӯн‐Бесаананим, ки назди Қодеш воқеъ аст, барафрошта буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 4:11
13 Iomraidhean Croise  

Ва Йитрӯ, коҳини Мидьён, падарарӯси Мусо, ҳар он чиро, ки Худо барои Мусо ва барои қавми Худ Исроил карда буд, яъне Исроилро аз Миср берун оварда буд, шунид.


Ва онҳо назди падари худ Рауил омаданд; ва ӯ гуфт: «Чӣ тавр шумо имрӯз бо зудӣ омадед?»


Ва Мусо рамаи падарарӯси худ Йитрӯ, коҳини Мидьёнро мечаронид, ва рамаро ба он тарафи биёбон бурд, ва ба Ҳӯриб, ки кӯҳи Худо бошад, омад.


Ва Мусо ба Ҳубоб ибни Рауили мидьёнӣ, ки додарарӯси Мусо буд, гуфт: «Мо ба маконе кӯч мекунем, ки Худованд дар бораи он гуфтааст: „Онро ба шумо хоҳам дод“. Пас, ту ҳамроҳи мо биё, ва мо ба ту некӣ хоҳем кард, зеро ки Худованд дар бораи Исроил суханони нек гуфтааст».


Ва агар ҳамроҳи мо биёӣ, ҳар некие ки Худованд ба мо бикунад, он некиро мо ба ту хоҳем кард».


Ва қениёнро дид, ва масали худро оварда, гуфт: «Маскани ту мустаҳкам аст, ва лонаи ту дар сахра гузошта шудааст;


Ва сарҳади онҳо аз Ҳелаф, аз булутзоре ки дар Саананним буд, ба Адомӣ, Ноқаб ва Ябнаил то Лаққум мерафт, ва интиҳояш назди Урдун буд.


Қодеш, Эдрей ва Айн‐Ҳосӯр,


Ва банӣ‐Қенӣ, ақрабои падарарӯси Мусо, аз шаҳри Хурмозор бо банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуда, сӯи биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод аст, равона шуданд ва дар миёни ин қавм маскан гирифтанд.


Ва ба Сисро хабар доданд, ки Бороқ ибни Абинӯам ба кӯҳи Тобӯр баромадааст.


Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.


Ва Шоул ба қениён гуфт: «Биравед, фурӯд оед, аз миёни амолеқиён дур шавед, мабодо шуморо бо онҳо несту набуд намоям, ва ҳол он ки шумо ба тамоми банӣ‐Исроил, вақте ки онҳо аз Миср баромаданд, хайрхоҳӣ кардаед». Ва қениён аз миёни Амолеқ дур шуданд.


Ва Окиш мегуфт: «Имрӯз ба куҷо тохтутоз кардед?» Ва Довуд мегуфт: «Ба ҷануби Яҳудо, ва ҷануби ераҳмиэлиён, ва ҷануби қениён».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan