Ва ҳамаи ин навкаронат пеши ман фурӯд хоҳанд омад ва ба ман саҷда бурда, хоҳанд гуфт: „Ту ва тамоми қавме ки пайрави ту бошанд, берун равед“. Ва баъд аз он ман берун хоҳам рафт». Ва ӯ бо шиддати ғазаб аз пеши фиръавн берун омад.
Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.
Ва ба тамоми сибти Менашше қосидон фиристод, ва онҳо низ дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд; ба сибтҳои Ошер, Забулун ва Нафтолӣ низ қосидон фиристод, ва онҳо ба пешвозашон баромаданд.