Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:9
15 Iomraidhean Croise  

Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд, ба онҳо дар замони тангии худ сӯи Ту фарьёд заданд, ва Ту аз осмон иҷобат намудӣ, ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ ба онҳо наҷотдиҳандагонро додӣ, ки онҳоро аз дасти душманонашон раҳо карданд.


Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ, бо равған сарамро тадҳин намудаӣ; косаи ман лабрез аст.


Ва Отниил ибни Қеназ, додари Колеб, онро гирифт, ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.


Ва Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб, онро гирифт; ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем».


Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.


Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.


Ва чун банӣ‐Исроил сӯи Худованд аз зулми Мидьён истиғоса бурданд,


Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan