Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:8
20 Iomraidhean Croise  

Ва ғулом даҳ шутур аз шутурони оғои худ гирифта, бирафт. Ва тамоми ганҷинаи оғояш дар дасти ӯ буд. Ва бархоста, сӯи Арам‐наҳрайн, ба шаҳри Ноҳӯр бирафт.


Валекин мискинро аз залолат боло мебардорад; ва хонаводаҳоро мисли рамаи гӯсфандон сершумор мегардонад.


Суруди сууд. Аз умқҳо Туро, эй Худованд, мехонам.


Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо.


Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.


Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ҳар рӯз сӯи Ту мехонам.


Ва хашми Ман аланга хоҳад зад, ва Ман шуморо бо шамшер хоҳам кушт, ва занони шумо бева, ва фарзандони шумо ятим хоҳанд шуд.


Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.


Хаймаҳои Кушонро зери бори мусибат дидам; чодирҳои замини Мидьёнро ларза гирифтааст.


Зеро мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ мебошад, вале ман нафсонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурӯхта шудаам.


Худованд варо нахоҳад омурзид, балки он вақт ғазаби Худованд ва рашки Ӯ бар он кас аланга хоҳад зад, ва тамоми лаънате ки дар ин китоб навишта шудааст, ба сари вай хоҳад омад, ва Худованд номи варо аз зери осмон маҳв хоҳад кард;


Чӣ гуна як нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд, ва ду нафар як беварро мегурезонид, агар Кӯҳпораашон онҳоро таслим намекард, ва Худованд онҳоро намесупурд?


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳди Маро, ки ба падаронашон амр фармудаам, поймол карда, ба овози ман гӯш намедиҳанд,


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.


Ва ӯ гуфт: «Албатта бо ту меравам, аммо дар ин роҳе ки ту меравӣ, ҷалол аз они ту нахоҳад буд, зеро ки Худованд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд». Ва Дебӯро бархоста, бо Бороқ ба Қодеш равона шуд.


Валекин онҳо Худованд Худои худро фаромӯш карданд, ва Ӯ онҳоро ба дасти Сисро, сарлашкари Ҳосӯр, ва ба дасти фалиштиён, ва ба дасти подшоҳи Мӯоб супурд, ки ба муқобили онҳо ҷанг карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan