Ва алҳол фиристода, тамоми Исроилро назди ман бар кӯҳи Кармил ҷамъ кун, ва низ чорсаду панҷоҳ нафар анбиёи Баал ва чорсад нафар анбиёи Ашераро, ки аз суфраи Изобал хӯрок мехӯранд».
Ва онҳо хонаи Худованд Худои падарони худро тарк намуда, Ашераҳо ва бутҳоро ибодат карданд, ва аз барои ин маъсияташон ғазабе бар Яҳудо ва Ерусалим ба вуҷуд омад.
Ва дуои ӯ, ва мустаҷоб шуданаш; ва тамоми гуноҳ ва хиёнаташ; ва ҷойҳое ки ӯ дар онҳо баландиҳо бино карда, Ашераҳо ва санамҳоро гузошта буд, пеш аз он ки гардан фуроварад, — ҳамааш дар навиштаҷоти Ҳӯзой тасвир ёфтааст.
Ва баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё вайрон карда буд, аз нав бино намуд, ва қурбонгоҳҳо барои Баалҳо барпо кард, ва Ашераҳо сохт, ва ба тамоми лашкари осмон сачда мебурд, ва онҳоро ибодат мекард.
Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд.
Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.
Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба ӯ гуфт: «Нарговеро, ки аз они падари туст, ва наргови дуюми ҳафтсоларо бигир; ва қурбонгоҳи Баалро, ки аз они падари туст, вайрон кун, ва бути чӯбини Ашераро, ки бар он аст, бишкан.