Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва банӣ‐Исроил дар миёни канъониён, ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён сокин буданд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:5
16 Iomraidhean Croise  

Ва дар миёни чӯпонони чорвои Абром ва чӯпонони чорвои Лут низоъ афтод; ва дар он замон канъониён ва фариззиён сокини он замин буданд.


Тамоми қавме ки аз амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён боқӣ монда буданд, онҳое ки аз банӣ‐Исроил набуданд,


Ва дили ӯро ба ҳузури Худ амин ёфта, бо ӯ аҳд бастӣ, ки замини канъониён, ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ябусиён ва ҷирҷошиёнро бидиҳӣ, — ба насли ӯ бидиҳӣ; ва қавли Худро ба ҷо овардӣ, зеро ки Ту одил ҳастӣ.


Ва гуфтаам: шуморо аз азобу уқубати Миср ба замини канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён хоҳам баровард, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист»“.


Ва фурӯд омадам, то ки онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он замин ба замини некӯ ва фарох барорам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, яъне ба макони канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён.


Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.


Амолеқиён дар замини Наҷаб сукунат доранд, ва ҳиттиён ва ябусиён ва амӯриён дар кӯҳистон сокинанд, ва канъониён назди баҳр ва дар соҳили Урдун сукунат доранд».


Ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, дароварад, ва халқҳои бисьёрро, яъне ҳиттиён, ва ҷирҷошиён, ва амӯриён, ва канъониён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиёнро, ки ҳафт халқи аз ту сершумортар ва пурзӯртаранд, аз пеши ту бадар ронад,


Ва назди канъониён, ки ба тарафи шарқ ва ғарб буданд, ва назди амӯриён ва ҳиттиён ва фариззиён ва ябусиён, ки дар кӯҳистон буданд, ва назди ҳиввиён, ки ба зери Ҳермӯн дар замини Мисфо буданд.


Ва чун ҳамаи подшоҳони он тарафи Урдун, ки дар кӯҳ ва пастӣ ва тамоми соҳили баҳри Бузург то рӯ ба рӯи Лубнон буданд, яъне подшоҳони ҳиттиён ва амӯриён, канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён инро шуниданд,


Вақте ки банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуданд, Худованд канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо таслим кард; ва даҳ ҳазор нафарро аз онҳо дар Бозақ куштанд.


Ва Адӯнӣ‐Бозақро дар Бозақ ёфта, бо ӯ ҷанг карданд; ва ба канъониён ва фариззиён шикаст расониданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan