Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва онҳо барои он боқӣ гузошта шуда буданд, ки ба воситаи онҳо исроилиён озмуда шаванд, то маълум гардад, ки оё ба аҳкоми Худованд, ки Ӯ ба падаронашон ба воситаи Мусо амр фармудааст, итоат менамоянд ё не.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:4
7 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ сӯи Худованд нола кард, ва Худованд дарахтеро ба ӯ нишон дод, ва ӯ онро ба об андохт, ва об ширин шуд; дар он ҷо ӯ барои онҳо фариза ва шариат муқаррар намуд, ва дар он ҷо онҳоро имтиҳон кард.


Зеро ки дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни шумо зоҳир гарданд.


Ва дар бораи Левӣ гуфт: «Туммим ва урими Ту бар марди порсои Туст, ки варо Ту дар Массо имтиҳон кардаӣ, ва бо вай назди обҳои Мерибо низоъ намудаӣ;


Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?


То ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмоям: оё онҳо роҳи Худовандро мисли он ки падаронашон риоя мекарданд, риоя намуда, бо он рафтор мекунанд ё не?»


Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan