31 Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод.
Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад.
Ва Худованд ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ман, охир, шуморо аз мисриён, ва аз амӯриён, ва аз банӣ‐Аммӯн, ва аз фалиштиён наҷот додам;
Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.
Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.
Ва ӯ ҷоғи хари навмурдаро ёфт, ва дасти худро дароз карда, онро гирифт, ва ҳазор нафарро бо он зада, кушт.
Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.
Ва Мӯоб дар он рӯз зери дасти Исроил итоат намуд, ва замин ҳаштод сол ором ёфт.
Ва баъд аз вафоти Эҳуд аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худо бад буд, ба амал оварданд.
Дар айёми Шамҷар ибни Анот, дар айёми Ёил шоҳроҳҳо хало гардида буд, ва роҳсипорон бо роҳҳои ғайримустақим равона мешуданд.
Худоёни навро ихтиёр карданд, аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид; дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.
Валекин онҳо Худованд Худои худро фаромӯш карданд, ва Ӯ онҳоро ба дасти Сисро, сарлашкари Ҳосӯр, ва ба дасти фалиштиён, ва ба дасти подшоҳи Мӯоб супурд, ки ба муқобили онҳо ҷанг карданд.
Ва тамоми ни ҷамоат хоҳанд донист, ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худованд аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд».
Ва Довуд, ки бо фалахмон ва санг мусаллаҳ буд, аз фалиштӣ зӯр баромад, ва фалиштиро зада кушт; ва дар дасти Довуд шамшер набуд.
Ва каломи Самуил ба тамоми Исроил расид. Ва Исроил ба муқобили фалиштиён ба ҷанг баромаданд, ва назди Эбен‐Эзер ӯрду заданд; ва фалиштиён дар Афеқ ҷойгир шуданд.