Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Панҷ ҳокими фалиштиён ва ҳамаи канъониён, сидӯниён ва ҳиввиён, ки дар кӯҳсори Лубнон аз кӯҳи Баал‐Ҳермӯн то даромадгоҳи Ҳамот сокин буданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:3
31 Iomraidhean Croise  

Забулун дар канори баҳр сокин шавад, ва назди бандари киштиҳо, ва ҳудудаш то Сидӯн бошад.


Ва ба қалъаи рӯ ба рӯи Сӯр ва ба ҳамаи шаҳрҳои ҳиввиён ва канъониён омаданд, ва ба ҷануби Яҳудо баромада, то Беэр‐Шобаъ расиданд.


Ва Сулаймон дар он вақт ид кард, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати бузург, аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср, ҳафт рӯз ва ҳафт рӯз, ҷамъ чордаҳ рӯз ба ҳузури Худованд Худои мо буданд.


Тамоми қавме ки аз амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён боқӣ монда буданд, онҳое ки аз банӣ‐Исроил набуданд,


Ва канори ғарбӣ баҳри Кабир аз сарҳади ҷанубӣ то даромадгоҳи Ҳамот хоҳад буд; ин аст канори ғарбӣ.


Амолеқиён дар замини Наҷаб сукунат доранд, ва ҳиттиён ва ябусиён ва амӯриён дар кӯҳистон сокинанд, ва канъониён назди баҳр ва дар соҳили Урдун сукунат доранд».


Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона намоед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.


Рӯй ниҳода, кӯч кунед, ва ба кӯҳистони амӯриён ва ҳамаи ҳамсоягони онҳо, ки дар саҳро ва дар кӯҳсор ва дар пастӣ ва дар ҷануб ва дар соҳили баҳр, яъне дар Канъон ва Лубнон мебошанд, то наҳри бузург, ки наҳри Фурот аст, дохил шавед.


Сидӯниён Ҳермӯнро Сирьйӯн мехонанд, ва амӯриён онро Сенир мехонанд, —


Шаҳре набуд, ки бо банӣ‐Исроил сулҳ баста бошад, ҷуз аз ҳиввиёне ки дар Ҷибъӯн сокин буданд; ҳамаро бо ҷанг гирифтанд.


Ва назди канъониён, ки ба тарафи шарқ ва ғарб буданд, ва назди амӯриён ва ҳиттиён ва фариззиён ва ябусиён, ки дар кӯҳистон буданд, ва назди ҳиввиён, ки ба зери Ҳермӯн дар замини Мисфо буданд.


Аз Шиҳӯр, ки дар рӯ ба рӯи Миср аст, то сарҳади Эқрӯн ба самти шимол, ки аз они Канъон ба шумор меравад; панҷ ҳокими фалиштиён: аз они Ғазза, аз они Ашдӯд, аз они Ашқалӯн, аз они Ҷат, аз они Эқрӯн ва аз они аввиён;


Ва кишвари Ҷабал, ва тамоми Лубнон ба самти тулӯи офтоб, аз Баал‐Ҷод, ки дар домани кӯҳи Ҳермӯн аст, то даромадгоҳи Ҳамот.


Низ Эбрӯн, Раҳӯб, Ҳаммӯн ва Қоно то Сидӯни бузург;


Ва исроилиён ба ин ҳиввиён гуфтанд: «Шояд, шумо дар миёни мо сокин бошед, пас чӣ гуна мо метавонем бо шумо аҳд бибандем?»


Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шуморо аз дасти онҳо наҷот додам.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.


Валекин падару модараш намедонистанд, ки ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиштиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукмрон буданд.


Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.


То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд:


Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт.


Ва фалиштиён барои ҷанг кардан ба муқобили Исроил ҷамъ шуданд, ки сӣ ҳазор ароба, ва шаш ҳазор савора, ва қавми сершуморе мисли реги соҳили баҳр доштанд; ва онҳо омада, дар Михмос, ба тарафи шарқии Байт‐Овин ӯрду заданд.


Ва сарварони фалиштиён бо фавҷҳои саднафарӣ ва ҳазорнафарӣ мегузаштанд, вале Довуд ва одамонаш бо Окиш аз ақиб равона буданд.


Ва панҷ сарвари фалиштиён инро диданд, ва ҳамон рӯз ба Эқрӯн баргаштанд.


Ва мушҳои тилло мувофиқи шумораи ҳамаи шаҳрҳои фалиштиён, ки ба он панҷ сарвар тааллуқ доштанд, буд, чи аз шаҳрҳои ҳисордор ва чи аз деҳоти беҳисор; ва он санги калон, ки сандуқи Худовандро бар он гузошта буданд, то имрӯз дар киштзори Еҳушаи байтшемешӣ боқист.


Гуфтанд: «Чӣ гуна қурбонии ҷурм мо бояд барои Ӯ биёрем?» Онҳо гуфтанд: «Мувофиқи шумораи сарварони фалиштиён, панҷ обилаи тилло ва панҷ муши тилло биёред, зеро ки бар ҳамаи шумо ва бар сарварони шумо ҳамон як вабост.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan