Ва зан бо нутқи оқилонаи худ назди тамоми қавм омад, ва онҳо сари Шобаъ ибни бикриро аз тан ҷудо карда, назди Юоб партофтанд. Ва ӯ шох навохт, ва ҳама аз пеши шаҳр, ҳар яке сӯи хаймаи худ, паҳн шуда рафтанд. Ва Юоб ба Ерусалим назди подшоҳ баргашт.
Ва аз назар гузарондам, ва бархостам ва ба калоншавандагон ва сардорон ва бақияи қавм гуфтам: «Аз онҳо натарсед! Худованди азим ва саҳмгинро ба ёд оваред! Ва барои бародарони худ, писарон ва духтарони худ, занон ва хонаҳои худ ҷанг кунед!»
Балки кӯҳистон аз они ту хоҳад буд, ҷангалро низ ту барои худ тоза хоҳӣ кард, ва он то ақсояш аз они ту хоҳад буд, зеро ки канъониёнро бадар хоҳӣ ронд, агарчи аробаҳои оҳанин доранд, агарчи зӯроваранд».
Ва Ҷидъӯн ба тамоми кӯҳи Эфроим қосидон фиристода, гуфт: «Ба пешвози Мидьён фурӯд оед ва онҳоро аз манбаъҳои об то Байт‐Боро ва аз маъбарҳои Урдун маҳрум созед». Ва тамоми мардуми Эфроим ҷамъ шуда, манбаъҳои обро то Байт‐Боро, ва маъбарҳои Урдунро ишғол карданд.