26 Ва Эҳуд дар замоне ки онҳо интизор меистоданд, нопадид гашт, ва аз пеши санамҳо гузашта, ба сӯи Саиро гурехт.
Ва онҳо бо баҳонаи гирифтани гандум ба даруни хона даромада, ба шиками ӯ зарба заданд; ва Рекоб ва бародараш Баано гурехтанд.
Ва Изобалро сагон дар саҳрои Изреъил хоҳанд хӯрд, ва дафнкунандае нахоҳад буд». Ва ӯ дарро кушода, гурехт.
Ва хеле вақт маътал монданд, ва инак, вай дарҳоро намекушояд; ва онҳо калидро гирифта, кушоданд, ва инак, оғояшон бар замин мурда хобидааст.
Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.