24 Ва чун ӯ берун рафт, навкарони вай омада диданд, ки инак, дарҳои болохона қуфл аст; ва дар дили худ гуфтанд: «Яқинан, вай дар хонаи салқин ба ҳоҷат бархостааст».
Ва Эҳуд ба вай наздик омад, дар сурате ки вай дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд; ва Эҳуд гуфт: «Каломе аз ҷониби Худо барои ту дорам». Вай аз курсӣ бархост.
Ва Эҳуд ба роҳрав баромада, дарҳои болохонаро аз пушти вай баст ва қуфл кард.
Ва хеле вақт маътал монданд, ва инак, вай дарҳоро намекушояд; ва онҳо калидро гирифта, кушоданд, ва инак, оғояшон бар замин мурда хобидааст.
Ва Шоул се ҳазор марди гузинро аз тамоми Исроил гирифта, ба ҷустуҷӯи Довуд ва одамонаш сӯи саҳроҳое рафт, ки маскани бузҳои кӯҳист.