23 Ва Эҳуд ба роҳрав баромада, дарҳои болохонаро аз пушти вай баст ва қуфл кард.
Ва вай куртаи рангоранге дар бар дошт, зеро ки духтарони бокираи подшоҳ чунин либосе мепӯшиданд. Ва хизматгузори ӯ варо берун бароварда, дарро аз пушташ баст.
Ва Эҳуд ба вай наздик омад, дар сурате ки вай дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд; ва Эҳуд гуфт: «Каломе аз ҷониби Худо барои ту дорам». Вай аз курсӣ бархост.
Ба тавре ки дастаи он низ бо теғаш фурӯ рафт, ва чарбу теғро пӯшонид, зеро ки шамшерро аз шиками вай кашида набаровард; ва наҷосати вай зада баромад.
Ва чун ӯ берун рафт, навкарони вай омада диданд, ки инак, дарҳои болохона қуфл аст; ва дар дили худ гуфтанд: «Яқинан, вай дар хонаи салқин ба ҳоҷат бархостааст».