21 Ва Эҳуд дасти чапи худро дароз карда, шамшерро аз болои рони рости худ гирифт, ва онро ба шиками вай халонид,
Ҷисмашро шикофта, аз тахтапушташ берун хоҳад омад, ва барқи синон аз заҳраи ӯ хоҳад гузашт; даҳшатҳо ӯро фаро хоҳад гирифт.
Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун касе боз нубувват намояд, падар ва модараш, ки ӯро ба дуньё овардаанд, ба ӯ хоҳанд гуфт: „Ту нахоҳӣ зист, зеро ки ба исми Худованд дурӯғ гуфтӣ“; ва падару модараш, ки ӯро ба дуньё овардаанд, дар вақти нубувват карданаш ӯро теғ хоҳанд зад.
Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем.
Ва Эҳуд барои худ шамшери дудамае ки дарозияш як зироъ буд, сохт, ва онро дар таги ҷомаи худ, бар рони росташ овехт.
Ва Эҳуд ба вай наздик омад, дар сурате ки вай дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд; ва Эҳуд гуфт: «Каломе аз ҷониби Худо барои ту дорам». Вай аз курсӣ бархост.
Ба тавре ки дастаи он низ бо теғаш фурӯ рафт, ва чарбу теғро пӯшонид, зеро ки шамшерро аз шиками вай кашида набаровард; ва наҷосати вай зада баромад.
Ва Самуил гуфт: «Чунон ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора‐пора кард.