2 То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд:
Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».
Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
Аммо онҳо хизматгорони вай хоҳанд шуд, то бидонанд, ки хизмати Ман чӣ гуна аст, ва хизмати салтанатҳои замин чӣ гуна аст».
Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».
Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.
Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар.
Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;
Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд,
Панҷ ҳокими фалиштиён ва ҳамаи канъониён, сидӯниён ва ҳиввиён, ки дар кӯҳсори Лубнон аз кӯҳи Баал‐Ҳермӯн то даромадгоҳи Ҳамот сокин буданд.