17 Ва ҳадияро ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — пешкаш намуд; ва Аҷлӯн шахси бағоят фарбеҳ буд.
Чунки рӯи худро бо фарбеҳии худ пӯшондааст, ва камараш қабат‐қабат чарбу бастааст;
Ҷони фохтаи Худро ба дарранда насупор; ҳаёти мискинони Худро ба сурати абадӣ фаромӯш накун.
Қудси Туро оташ задаанд; маскани исми Туро то ба замин ҳаром кардаанд;
Фарбеҳ ва сергӯшт шудаанд, дар бадкорӣ аз ҳад гузаштаанд, даъвоҳоро, алалхусус даъвои ятимонро намесанҷанд, то ки онҳо комьёб шаванд, ва бенавоёнро аз рӯи инсоф доварӣ намекунанд.
Зеро ки шумо, эй ғораткунандагони мероси Ман, шодӣ ва хурсандӣ кардед, мисли ғуноҷине ки хирманро поймол кунад, рақсидед, ва мисли аспони зӯровар шеҳа кашидед.
Бинобар ин Худованд Худо ба онҳо чунин мегӯяд: инак Ман Худам дар миёни гӯсфанди фарбеҳ ва гӯсфанди лоғар доварӣ хоҳам намуд.
Ва Эҳуд барои худ шамшери дудамае ки дарозияш як зироъ буд, сохт, ва онро дар таги ҷомаи худ, бар рони росташ овехт.
Ва чун пешкаш кардани ҳадияро анҷом дод, одамонеро, ки ҳадияро бардошта оварда буданд, гуселонид.
Ва дар он вақт тақрибан даҳ ҳазор нафарро аз мӯобиён, яъне ҳар паҳлавон ва ҷанговарро куштанд, ва ҳеҷ кас натавонист бигрезад.
Чаро шумо қурбониҳо ва ҳадияҳои ордии Маро, ки барои маскани Худ амр фармудаам, поймол мекунед? Ва чаро ту писарони худро назар ба Ман бештар мӯҳтарам медорӣ, то ки худро аз қисми беҳтарини ҳамаи ҳадияҳои қавми Ман — Исроил фарбеҳ гардонӣ?“