Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:15
22 Iomraidhean Croise  

Ва Амосо аз шамшере ки дар дасти Юоб буд, эҳтиёт нашуд, ва онро вай ба шиками ӯ зад, ва амъояш бар замин рехт, ва ӯро дубора назад, ва ӯ мурд. Ва Юоб ва бародараш Абишой Шобаъ ибни Бикриро таъқиб карданд.


Ва Юоб ба Амосо гуфт: «Оё ту саломат ҳастӣ, бародарам?» Ва Юоб бо дасти росташ риши Амосоро гирифт, то ки ӯро бӯса кунад.


Бо камон мусаллаҳ буданд, сангҳо ва тирҳои камонро бо дасти рост ва чап меандохтанд, аз бародарони Шоул, аз Биньёмин буданд:


Ва писарони Болаъ инҳо буданд: Аддор ва Ҷеро ва Абиҳуд;


Ва Ҷеро ва Шафуфон ва Ҳуром.


Ва онҳо ҳар яке ҳадияи худро: колои нуқра ва колои тилло, ва либос, аслиҳа ва атриёт, аспон ва хачирон сол ба сол меоварданд.


Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.


Маро хоҳад хонд, ва ӯро иҷобат хоҳам намуд; дар тангӣ Ман бо ӯ ҳастам; ӯро халосӣ хоҳам дод, ва ӯро ҷалол хоҳам дод.


Инъоми одам барои ӯ вусъат муҳайё мекунад, ва ӯро сӯи бузургон ҳидоят менамояд.


Бисьёр касон дидори валинеъматро толибанд, ва ҳама ёри шахси инъомдеҳ ҳастанд.


Инъоми ниҳонӣ хашмро фурӯ менишонад, ва ришваи кисагӣ — ғазаби сахтро.


Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: бо ман мусолиҳа намоед ва пеши ман берун оед; ва ҳар яке меваи токи худро, ва ҳар яке анҷири худро хоҳед хӯрд, ва ҳар яке аз оби чоҳи худ хоҳед нӯшид,


Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.


Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.


Аз тамоми ин қавм ҳафтсад марди баргузидаи чапдаст буданд, ва ҳамаи инҳо ба мӯе санг меандохтанд, ва хато намекарданд.


Ва банӣ‐Исроил ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳаждаҳ сол хизмат карданд.


Ва Эҳуд барои худ шамшери дудамае ки дарозияш як зироъ буд, сохт, ва онро дар таги ҷомаи худ, бар рони росташ овехт.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.


Валекин мардуми сафил гуфтанд: «Оё ин одам метавонад моро наҷот диҳад?» Ва ӯро хор дида, ҳадияе барояш наоварданд; вале ӯ худро ба нофаҳмӣ зад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan