Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:13
9 Iomraidhean Croise  

Ва кишвари Ҷанубро, ва майдони дараи Ериҳӯро, ки шаҳри хурмозор аст, то Сӯар.


Ва банӣ‐Қенӣ, ақрабои падарарӯси Мусо, аз шаҳри Хурмозор бо банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуда, сӯи биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод аст, равона шуданд ва дар миёни ин қавм маскан гирифтанд.


Ва Худованд ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ман, охир, шуморо аз мисриён, ва аз амӯриён, ва аз банӣ‐Аммӯн, ва аз фалиштиён наҷот додам;


Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шуморо аз дасти онҳо наҷот додам.


Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.


Ва банӣ‐Исроил ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳаждаҳ сол хизмат карданд.


Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар кӯҳи Амолеқ аст; аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту; аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд, ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.


Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил кишт мекарданд, мардуми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ пайдо шуда, бар онҳо ҳуҷум меоварданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan