Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:12
15 Iomraidhean Croise  

Ва Наамон, сардори лашкари подшоҳи Арам, ба ҳузури оғои худ шахси бузург ва мӯҳтарам буд, зеро ки ба воситаи вай Худованд ба Арам ғалаба бахшида буд; ва ин шахс паҳлавони далер, вале махавӣ буд.


Валекин барои он туро боқӣ гузоштам, ки қуввати Худро ба ту нишон диҳам, ва исми Ман дар тамоми дуньё шӯҳрат ёбад.


Оё табар бар касе ки бо он мешиканад, ғурур хоҳад кард? Оё арра бар касе ки онро мекашад, фахр хоҳад намуд? Гӯё ки чӯбдаст баландкунандаи худро ба ҳаракат меоварда бошад! Гӯё ки асо он чиро, ки чӯб нест, баланд мекарда бошад!


Оё ту нашнидаӣ, ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам, аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам, ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам, ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда, ба харобазор табдил медиҳӣ?


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Ва туро аз миёни одамон бадар хоҳанд ронд, ва маскани ту бо ҳайвоноти саҳро хоҳад буд, ва туро мисли говон алаф хоҳанд хӯронид, ва туро аз шабнами осмон тар хоҳанд кард, ва ҳафт замон бар ту хоҳад гузашт, то эътироф кунӣ, ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод хукмфармост, ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад.


Эй подшоҳ! Худои Таоло ба падарат Набукаднесар салтанат ва бузургӣ ва ҷалол ва шавкат бахшид,


Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим? Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо? Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.


Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад».


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳоро ибодат карданд;


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.


Ва ҳамин ки довар вафот меёфт, онҳо аз нав, аз падарони худ зиёдтар фосид гардида, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд, онҳоро ибодат намуда, саҷда мебурданд, аз корҳои зишт ва роҳи бади худ ҳеҷ даст намекашиданд.


Ва замин чил сол ором ёфт; ва Отниил ибни Қеназ вафот ёфт.


Валекин онҳо Худованд Худои худро фаромӯш карданд, ва Ӯ онҳоро ба дасти Сисро, сарлашкари Ҳосӯр, ва ба дасти фалиштиён, ва ба дасти подшоҳи Мӯоб супурд, ки ба муқобили онҳо ҷанг карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan