Вале ҳамин ки онҳо осуда мешуданд, аз нав ба хузури Ту бадкорӣ мекарданд, ва Ту онҳоро ба дасти душманонашон месупурдӣ, ки бар онҳо хукмронӣ мекарданд; ва онҳо боз сӯи Ту фарьёд мезаданд, ва Ту аз осмон иҷобат намуда, бар ҳасби марҳамати Худ онҳоро дафъаи бисьёр наҷот медодӣ.