Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:10
24 Iomraidhean Croise  

Ва рӯҳе Амосайро, ки сардори фармондеҳон буд, фаро гирифта, ӯ гуфт: «Аз они ту ҳастем, эй Довуд! Ва бо ту хоҳем буд, эй писари Йисой! Саломатӣ, саломатӣ бар ту бод, ва саломатӣ бар ёварони ту бод, зеро ки Худои ту мададгори туст». Ва Довуд онҳоро қабул карда, дар миёни сардорони фавҷи худ гузошт.


Ва Рӯҳи Худо бар Азарьёҳу ибни Ӯдид нозил шуд.


Ва Яҳазиил ибни Закарьёҳу, ибни Баноё, ибни Яиил, ибни Маттанъёи левизода, ки аз банӣ‐Ософ буд, — бар ӯ Рӯҳи Худованд дар миёни ҷамоат нозил шуд,


Туро ҳамеша ҳамд хоҳам гуфт, зеро ки инро Ту ба амал овардаӣ; ва ба исми Ту умед хоҳам баст, зеро ки он ба ҳузури порсоёни Ту некӯст.


Ва Ман фурӯд омада, дар он ҷо бо ту сухан хоҳам ронд, ва аз Рӯҳе ки бар туст, гирифта бар онҳо хоҳам гузошт, то ки онҳо бо ту бори ин қавмро бардоранд, ва ту танҳо нахоҳӣ бардошт.


Ва Худованд дар абр фурӯд омада, ба ӯ сухан ронд, ва аз Рӯҳе ки бар ӯ буд, гирифта, бар ҳафтод нафар пирон кӯчонид; ва ҳангоме ки Рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, нубувват карданд, вале давом надоданд.


Вале Мусо ба вай гуфт: «Оё ту барои ман рашк мебарӣ? Кошки тамоми қавми Худованд анбиё мебуданд, ва Худованд Рӯҳи худро бар онҳо равона мекард!»


Ва Билъом чашмонашро боло карда, Исроилро дид, ки бар ҳасби сибтҳояш маскан гирифтааст, ва Рӯҳи Худо бар ӯ фурӯ рехт.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Еҳушаъ ибни Нунро, ки марди соҳибрӯҳ аст, барои худ бигир, ва дасти худро бар ӯ бимон,


Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд,


Ва Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд, ва ӯ аз Ҷилъод ва Менашше гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт.


Ва Йифтоҳ ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт, то ки бо онҳо ҷанг кунад; ва Худованд онҳоро ба дасти ӯ супурд.


Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.


Ва Рӯҳи Худованд ба ӯ нозил шуда, ӯ ба Ашқалӯн фурӯд омад, ва аз онҳо сӣ нафарро кушта, либосашонро кашида гирифт, ва дастаҳои либосро ба онҳое ки муамморо ҳал карда буданд, дод. Ва хашмаш аланга гирифта, ӯ ба хонаи падари худ баргашт.


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, онро дупора кард, чунон ки бузғоларо дупора мекунанд, агарчи дар дасташ чизе набуд; ва ба падару модараш он чиро, ки карда буд, хабар надод.


Вақте ки ӯ ба Леҳӣ расид, фалиштиён ба пешвози ӯ ғавғо бардоштанд. Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, танобҳое ки бар бозуҳояш буд, мисли нахҳои катон, ки дар оташ сӯхта бошад, канда гардид, ва бандҳо аз дастҳояш фуромад.


Ва замин чил сол ором ёфт; ва Отниил ибни Қеназ вафот ёфт.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.


Ва Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт; ва ӯ шох навохт, ва аҳли Абиэзер дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд.


Ва ҳангоме ки онҳо ба тал расиданд, инак дастаи анбиё ба пешвози ӯ пайдо шуданд; ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуд, ва ӯ дар миёни онҳо нубувват намуд.


Ва Рӯҳи Худованд бар ту нозил шуда, бо онҳо нубувват хоҳӣ кард, ва ту шахси дигаре хоҳӣ гардид.


Ва ҳангоме ки Шоул ин суханонро шунид, Рӯҳи Худо бар ӯ нозил шуд, ва ғазабаш бағоят аланга зад.


Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд. Ва Самуил бархоста, ба Ромо рафт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan