Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 3:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 3:1
20 Iomraidhean Croise  

Яъне фарзандони онҳо, ки баъд аз онҳо дар замин боқӣ монда буданд, ва онҳоро банӣ‐Исроил натавониста буданд маҳв намоянд, — ба зиммаи онҳо Сулаймон ӯҳдадории меҳнатӣ гузошт, ки то имрӯз чунин аст.


Ва ҳамчунин дар масъалаи элчиёни сарварони Бобил, ки назди ӯ фиристода шуда буданд, то аз аломате ки дар замин зоҳир шуда буд, пурсон кунанд, Худо ӯро тарк кард, то ки ӯро имтиҳон намуда, ҳар чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.


Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад; агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам.


Ва ӯ сӯи Худованд нола кард, ва Худованд дарахтеро ба ӯ нишон дод, ва ӯ онро ба об андохт, ва об ширин шуд; дар он ҷо ӯ барои онҳо фариза ва шариат муқаррар намуд, ва дар он ҷо онҳоро имтиҳон кард.


Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад.


«Туро дар миёни қавми Худ имтиҳонкунанда ва заршинос қарор додаам, то ки роҳи онҳоро бидонӣ ва имтиҳон намоӣ.


Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард, ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт, ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид; онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»


Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт,


Ва Худованд Худои ту ин қавмҳоро аз пеши ту камкам бадар хоҳад ронд; ту онҳоро наметавонӣ ба зудӣ маҳв намоӣ, мабодо даррандагони саҳро бар ту афзун шаванд.


Ва туро дар биёбон манн хӯронид, — ки падаронат онро намедонистанд, — то ки туро азият дода, биозмояд, ва оқибат бар ту марҳамат намояд, —


Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?


Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.


Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,


Ва фарзандони вайро ба қатл мерасонам, ва ҳамаи калисоҳо хоҳанд донист, ки Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод.


Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»


Ва тамоми он насл низ назди падарони худ рафтанд, ва баъд аз онҳо насли дигаре бархостанд, ки Худовандро намедонистанд, ва корҳоеро низ, ки Ӯ барои Исроил кардааст.


Ва Худованд он халқҳоро боқӣ гузошт, бе он ки онҳоро бо зудӣ бадар ронад; ва онҳоро ба дасти Еҳушаъ таслим накард.


То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan