Ва ҷуфти говонро гирифта, пора‐пора кард, ва ба воситаи қосидон ба тамоми ҳудуди Исроил фиристода, гуфт: «Касе ки аз паи Шоул ва аз паи Самуил берун наояд, ба говонаш ҳамин тавр карда хоҳад шуд». Ва тарси Худованд бар қавм афтод, ва ҳама мисли як тан берун омаданд.