7 Пас, бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Мо, охир, ба Худованд қасам хӯрдаем, ки духтарони худро ба онҳо ба занӣ надиҳем».
Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод».
Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро ки банӣ‐Исроил қасам хӯрда, гуфтаанд: „Малъун бод касе ки ба Биньёмин зан диҳад!“»
Ва ҳангоме ки падарон ё бародарони онҳо назди мо омада шикоят кунанд, мо ба онҳо хоҳем гуфт: „Онҳоро бибахшед, зеро ки ҳар яке зани худро дар ҷанг ба даст наовардаанд, ва шумо низ ба онҳо надодаед, ки алҳол айбдор шавед“».
Ва банӣ‐Исроил дар хусуси бародари худ Биньёмин пушаймон шуда, гуфтанд: «Имрӯз як сибт аз Исроил маҳв шуд.
Ва гуфтанд: «Оё ягон сибти Исроил ҳаст, ки ба Мисфо назди Худованд наомада бошад?» Ва инак, аз Ёбиш‐Ҷилъод касе ба ҷамъомади ӯрдугоҳ наомадааст.
Валекин қавм ба Шоул гуфтанд: «Оё Йӯнотон, ки ин наҷоти бузургро барои Исроил ба амал овардааст, бимирад? Ҳошо ва калло! Қасам ба ҳаёти Худованд, ки мӯе аз сари ӯ ба замин нахоҳад афтод, зеро ки ӯ имрӯз бо Худо амал кардааст». Ва қавм барои Йӯнотон фидия доданд, ва ӯ намурд.