6 Ва банӣ‐Исроил дар хусуси бародари худ Биньёмин пушаймон шуда, гуфтанд: «Имрӯз як сибт аз Исроил маҳв шуд.
Ва Абнир Юобро даъват намуда, гуфт: «Оё шамшер то абад ба ҳалокат расонад? Оё намедонӣ, ки оқибати кор ба талхӣ хоҳад анҷомид? Ва то ба кай ба қавм намегӯӣ, ки бародарони худро дигар дунболагирӣ накунанд?»
Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.
Ва ҳамин ки ӯ варо дид, либоси худро дарронида, гуфт: «Оҳ, духтарам! Ту маро дар залолат андохтӣ ва яке аз ғамоварони ман гаштӣ: ман даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаам, ва наметавонам баргардам».
Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».
Валекин қавм дар хусуси Биньёмин пушаймон буданд, зеро ки Худованд дар сибтҳои Исроил рахнае ба амал оварда буд.
Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.
Пас, бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Мо, охир, ба Худованд қасам хӯрдаем, ки духтарони худро ба онҳо ба занӣ надиҳем».