Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:5
8 Iomraidhean Croise  

Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад, ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад!


Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод».


Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро ки банӣ‐Исроил қасам хӯрда, гуфтаанд: „Малъун бод касе ки ба Биньёмин зан диҳад!“»


Ва банӣ‐Исроил дар хусуси бародари худ Биньёмин пушаймон шуда, гуфтанд: «Имрӯз як сибт аз Исроил маҳв шуд.


Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.


Ва ҷуфти говонро гирифта, пора‐пора кард, ва ба воситаи қосидон ба тамоми ҳудуди Исроил фиристода, гуфт: «Касе ки аз паи Шоул ва аз паи Самуил берун наояд, ба говонаш ҳамин тавр карда хоҳад шуд». Ва тарси Худованд бар қавм афтод, ва ҳама мисли як тан берун омаданд.


Ва мардуми Исроил дар он рӯз бемаҷол гардида буданд, зеро ки Шоул қавмро қасам дода гуфта буд: «Малъун бод касе ки то шом, то даме ки ман аз душманонам интиқом гирам, хӯроке бихӯрад!» Ва тамоми қавм чизе нахӯрданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan